«ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади огоҳии ҳарчи бештари ҷавонон аз таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани маърифати суханварии кормандони муассиса маҳфили илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Дар ифтитоҳи маҳфил директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода оид ба мақому манзалати шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ва нақши он дар адабиёти оламшумули халқи тоҷик сухан гуфт.
Иброз гардид, ки яке аз иқдоми шоиста ва наҷибе, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат гирифта шуд, ин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров чун анъанаи шоҳони гузаштаи миллати тоҷик ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур дода шуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.
Дар идомаи маҳфил ходимони илмии Осорхонаи миллӣ аз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бо маҳорати баланд достонҳо қироат намуданд.
Бахусус ин байти шоири тавоно диққати ҳозиринро ҷалб намуд:
Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Дар маҳфил ҳама иштирокдорон ба омӯзишу тарғиби ин шоҳасари ниёгон ҷалб шуданд.
Қарор дода шуд, ки ба ифтихори ҳифзи хотиpаи таъpихӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ охири ҳар моҳ дар Осорхонаи миллӣ маҳфили илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






