Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали VIII байналмилалии донишҷӯён «Як фазо барои ҳама» дар Москва иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва Фестивали VIII байналмилалии донишҷӯён «Як фазо барои ҳама» баргузор гардид, ки дар он ҷавонони Тоҷикистон низ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Дар фестивал донишҷӯёни тоҷике, ки дар ин донишгоҳ таҳсил менамоянд, иштирок карда, мероси фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки фестивал ба таҳкими равобити дӯстона байни созмонҳои ҷавонони ин донишгоҳ равона гардидааст.
Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва 23 донишҷӯи Тоҷикистон таҳсил намуда, хатмкунандагони он дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақона фаъолият доранд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника ва ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия










Сафири Тоҷикистон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд






