Ба сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон Петр Сегрт унвони Мураббии дараҷаи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дода шуд

Февраль 7, 2024 14:27

ДУШАНБЕ, 07.02.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Ба сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон  дар вазъияти тантанавӣ унвони Мураббии дараҷаи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тақдими унвон зимни вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳайати роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол Петр Сегрт доир гардид.

Зимни суҳбат раиси кумита аз фаъолияти густурдаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сармураббии дастаи миллии мамлакат Петр Сегрт изҳори сипос намуд. Ҳамзамон ёдовар шуд, ки зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои доимии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболи тоҷик ба таври бесобиқа рушд намуда, бештари сокинони мамлакат ба ин намуди варзиш ҷалб гардиданд.

Сипас ҳарду ҷониб аз муваффақияти чанде қабли дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол Петр Сегрт низ аз мухлисӣ ва ҳамовозии мардуми тоҷик дар давраи мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 изҳори сипос намуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 7, 2024 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд