Ба сокинони ноҳияи Ванҷ моҳияти ҳадафҳои созандаи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд

Февраль 15, 2024 08:53

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи  Ванҷ мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ раиси вилоят доир ба иҷрои нишондиҳандаҳо ва  нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат нисбат ба сокинон ва рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят сухан гуфт.

Таъкид гардид, ки маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо бунёди инфрасохтори наву замонавӣ, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар иншооти таъйиноти гуногун симои шаҳру ноҳияҳои вилоят батадриҷ зебо гардид.

Аз ҷумла, дар самти амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва нақшаву барномаҳои созанда қадамҳои устувор гузошта шуда, лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ амалӣ гардиданд.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар самти таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ кор бурда шавад. Ҳамзамон роҳбарият ва масъулини ноҳияро вазифадор намуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористию экстримистӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намоянд.

Зимни вохӯрӣ аъзои гурӯҳи корӣ доир ба пешгирии ҷавонон аз узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо ва баланд бардоштани сатҳи талиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ақидаҳояшонро баён намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Февраль 15, 2024 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон