БА ТАЪРИХ АРҶ ГУЗОРЕМ! «Тоҷикон» — ин шоҳасар дар муаррифии таърихи пурғановати миллати тоҷик нақши бузург дорад
ДУШАНБЕ, 04.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров шоҳасари безавол буда, дар муаррифии таърихи пурғановати миллати тоҷик нақши бағоят бузург дорад. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш кормандони Агентӣ ва таърихшиносону олимон иштирок намуда, роҷеъ ба аҳамият ва паҳлуҳои гуногуни китоби «Тоҷикон», нақши он дар муаррифии таърихи пурғановати миллати тоҷик сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки китоби «Тоҷикон» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши корномаҳои шоистаи ниёгонамон давоми солҳои таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният бо далелҳои раднопазир ва истинод ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ таълиф гардида, дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






