«Бонки Эсхата» аввалин шуда дар Тоҷикистон ба барориши вомбаргҳои сабз шуруъ намуд

Февраль 15, 2024 16:08

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата»  аввалин шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барориши вомбаргҳои сабз шуруъ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ҶСК «Бонки Эсхата».

Чорабинӣ бахшида ба барориши нахустин вомбаргҳои сабзи Бонки Эсхата 15 феврал дар бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти молиявии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, шарикон, ассотсиатсияҳои соҳибкорон, ширкатҳои суғуртавӣ, операторони мобилӣ, мушовирон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Барориши коғазҳои қиматноки сабз дар Тоҷикистон ба дастгирӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои марбут ба манбаъҳои энергияи тоза, сарфаи энергия ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Ин дар самти гузариш ба иқтисодиёти «сабз», ҷалби сармоя ва таҳкими мақоми Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи рушди устувор кумак менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки вомбаргҳои сабзи Бонки Эсхата дар Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматноки сабзи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шуда, бонк соҳиби Шаҳодатнома гардид.

Бонки Эсхата таҳти сарварии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба рушд ва танзими бозори коғазҳои қиматноки мамлакат аҳамияти гузариш ба иқтисодиёти «сабз»-ро эътироф менамояд. Он дар ҳуҷҷатҳои стратегии ҷумҳурӣ, инчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардидааст. Дар ин самт бонк бо мушовирони Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) дар доираи лоиҳаҳое, ки ба принсипҳои масъулияти иҷтимоӣ ва экологӣ, идоракунии корпоративӣ (ESG) ва рушди устувор, инчунин ба рушди маблағгузории «сабз» равона шудааст, ҳамкории зич дорад.

Дар чорабинӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, Директори Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдураҳмонзода, Роҳбари Намояндагии IFC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов, Раиси Шурои нозирони Бонки Эсхата Райнер Мюллер-Ханке ва раиси раёсати бонк Акмалҷон Сайфидинов сухан намуданд.

Барориши вомбаргҳои корпоративии сабз қадами муҳим дар самти татбиқи ин имконият мебошад. Бо равона намудани сармоя барои дар амал татбиқ кардани лоиҳаҳо ва ташаббусҳое, ки ба устувории экологӣ ва масъулияти иҷтимоӣ мусоидат менамоянд, мо на танҳо ояндаи Тоҷикистонро сармоягузорӣ менамоем, балки некӯаҳволии сайёраамонро барои наслҳои оянда ҳифз месозем.

«Маблағҳое, ки тавассути ин ташаббус ҷалб мешаванд, барои лоиҳаҳои маблағгузории энергияи барқароршаванда, самаранокии энергия, кишоварзии устувор, идоракунии партовҳо ва дигар талошҳои ҳифзи муҳити зист истифода мешаванд. Ин лоиҳаҳо на танҳо ҷойҳои корӣ эҷод менамоянд, балки инчунин ба коҳиш додани ихроҷи гази карбон ва коҳиш додани тағйирёбии иқлим мусоидат менамоянд»,- гуфт Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода.

Ба гуфти Директори Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдураҳмонзода, «барориши маблағгузории корпоративии “сабз”  уҳдадории Тоҷикистонро ба ҳадафҳои байналмилалии иқлим ва иҷрои уҳдадориҳоро дар доираи Созишномаи Париж таъкид менамояд. Бо ҳамоҳангсозии фаъолияти молиявӣ бо стандартҳои ҷаҳонии рушди устувор мо ҷомеаи ҷаҳониро аз ҷиддӣ будани муносибати Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва бунёди ояндаи устувор хабардор месозем».

Бонки Эсхата кӯшиш менамояд, ки иқтидори молиявиро барои бунёди ояндаи аз ҷиҳати экологӣ устувор истифода бурда, на танҳо ба самаранокии иқтисодӣ, балки ба таъсири экологии лоиҳаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд.

АКС: Бонки Эсхата

Февраль 15, 2024 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.8600 то 10.0500 сомонӣ муқаррар шудааст
Самтҳои муҳим ва афзалиятноки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1263 то 0.1260 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.2738 то 10.2000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1282 то 0.1270 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1291 то 0.1250 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.3006 то 10.3500 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» бо Бонки содиротию воридотии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар мулоқот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ тақвияти низоми молиявӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.5986 то 11.5000 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.3258 то 10.3700 сомонӣ муқаррар шудааст