Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 11 шаҳрванди хориҷӣ забони тоҷикӣ меомӯзад

Февраль 9, 2024 08:46

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар   Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 8 омӯзгори хориҷӣ фаъолият намуда, 13 шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси шунавандаи забономӯз дар назди кафедраҳо ба таҳсил фаро гирифта шуд, ки аз онҳо  11 нафар забони тоҷикӣ меомӯзад. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар донишгоҳ 395 шаҳрванди хориҷӣ аз Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Арабистони Саудӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 48 донишҷӯи донишгоҳ барои идомаи таҳсил ба хориҷи мамлакат ҷалб гардида, 23 омӯзгор ва корманди донишгоҳ дар хориҷи ҷумҳурӣ  аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ бомуваффақият гузаштанд.

Давоми соли 2023 донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои байналмилалии «Маҳорати нутқ»-и забони ҷопонӣ (3 нафар), «Натоқони забони куриëӣ» (3 нафар), «Пули забони чинӣ» (1 нафар) ва «Забони ҳиндӣ» (7 нафар) ҷойҳои ифтихориро сазовор гаштанд.

Дар ин давра раёсати донишгоҳ дар форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ва Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус иштирок намуд.

«Дастоварди дигари муассиса он аст, ки дар ин давра 9 барномаи таҳсилотӣ дар зинаи бакалавриат аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт»,-илова намуд Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд