Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон оид ба тарбияи ватандӯстӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Машварат дар доираи амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, пешгирӣ намудани раванди шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, инчунин иҷрои талаботи Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин баргузор гардид.
Зимни машварати омӯзишӣ доир ба сиёсати сулҳҷӯёна, маорифпарварона ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо пешниҳод шуданд.
Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии ҳукумати мамлакат баланд бардоштани шароити иҷтимоии мардум ба шумор меравад.
Ҳамзамон дар раванди суҳбат мавзуъҳои танзими ҷашну маросим ва тарбияи фарзандон аз ҷониби волидайн, роҳҳои тарбия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҳамоиш инчунин вобаста ба таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин, оид ба танзими расму оин, гузаронидани тӯйю маъракаҳои камхароҷот, таълиму тарбияи фарзандон ва эҳтироми падару модар сухан гуфта шуд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






