Дар Пекин ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 январ то 1 феврал дар майдони Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Пекин ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи ин созмон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаҳои Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро баррасӣ намуда, корҳоро оид ба лоиҳаҳои дорои хусусияти сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарию фарҳангӣ идома доданд.
Шурои ҳамоҳангсозони миллӣ мақоми оинномавии Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки фаъолияти ҷории созмонро ҳамоҳанг месозад ва ҳамкории вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои онро таъмин менамояд.
АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






