Дар Тоҷикистон 826 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ оид ба риоя нагардидани қонуни танзим сабт шудааст

Февраль 10, 2024 18:10

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 826 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ оид ба риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022   56 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки соли 2023  826 парванда баррасӣ гардида,  нисбат ба 818 парванда қарорҳои дахлдор қабул шуда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон беш аз 4 млн 689 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бештари ҳуқуқвайронкуниҳо ба моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», яъне дар эътибор ба тӯйи домодию арӯсӣ, риоя накардани вақти пешбинишуда, набудани шартнома байни соҳиби тарабхона ва ҷониби тӯйдор, ки 250 ҳолати он сабт  шудааст, вобаста мебошанд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроиями ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 26204 санҷиш, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе- 6918 санҷиш, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-299, дар вилояти Суғд-5483, дар вилояти Хатлон-5546 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 758 санҷиш гузаронида шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2024 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд