ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Мастчоҳ беш аз ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ беш аз 1000 бех ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Бо ибтикори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ корҳои сабзу хуррамгардонӣ, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар канори шоҳроҳ, роҳҳои маҳаллӣ, назди биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо ва хиёбону гулгаштҳо, инчунин дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муташаккилона идома доранд.
Аз ҷониби мутахассисон ба масъулин ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ривоҷи корҳои ободонӣ ва дуруст парвариш намудани ниҳолҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи нек дар пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияи мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида, бо мақсади вусъат додани корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






