«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Суғд барои қадршиносии ғолибони озмун беш аз 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 01.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 643 ҳазору 410 сомонӣ ҷудо шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Даври вилоятии озмун нимаи аввали моҳи август дар Мактаб барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Хуҷанд ва Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон доир мешавад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои «Адабиёти кӯдакону наврасон» дар се гурӯҳ, «Адабиёти классикии тоҷик» дар чор гурӯҳ, «Адабиёти муосири тоҷик» дар чор гурӯҳ, «Адабиёти ҷаҳон» дар чор гурӯҳ, «Эҷоди назм» дар се гурӯҳ, «Эҷоди наср» дар се гурӯҳ гузаронида мешавад.
Тибқи қарор, низомнома ва ҳайати комиссияи озмун таъсис ёфта, Раёсати маорифи вилоят вазифадор шудааст, ки даври вилоятии озмунро дар сатҳи баланд гузаронад.
Бояд гуфт, ки давоми беш аз 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад






