ИДИ САДА ДАР СУҒД. Як зумра кишоварзони вилоят барои дастоварҳои назаррас дар соҳа ҳавасманд гардонида шуданд

Февраль 1, 2024 10:55

ДУШАНБЕ, 01.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд иди Сада таҷлил шуда, ярмарка-фурӯши ниҳол, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, кӯчату тухмии гулу зироат ва дигар маҳсулот баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар ҷашнгоҳ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин Сарраёсати кишоварзӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳти зист, Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, Иттифоқи ҷамъиятҳои «Тоҷикматлубот» ва дигар ташкилоту идораҳо маҳсулоти нонию қаннодӣ, таомҳои миллӣ, маҳсули дасти ҳунармандон, кандакорону оҳангарон, сӯзанидӯзону тарроҳон ба намоиш гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд бо хаймаҳои идона шинос шуда,  иштирокдорони ҳамоиш ва сокинони вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашни суннатии мардуми тоҷик — Cада, ки таърихи хеле куҳан дошта, имрӯзҳо ​ бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи дубора ёфтааст, табрик гуфт.

Тазаккур дода шуд, ки дар вилоят дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ соҳаи кишоварзӣ рушд намуда, соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 18 миллиарду 495,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022  2 миллиарду 426,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ташкили саривақтии кор ва заҳмати шабонарӯзии марди деҳқон буд, ки соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли номгӯи асосии маҳсулот, аз ҷумла ғалладона 409,8 ҳазор тонна, картошка 600 ҳазор тонна, сабзавот 649,1 ҳазор тонна, полезӣ 221,8 ҳазор тонна, мева 222,5 ҳазор тонна, ангур 53 ҳазор тонна, гӯшт 85,8 ҳазор тонна, аз он гӯшти паранда 21,4 ҳазор тонна, шир 293,4 ҳазор тонна, асал 1577 тонна, моҳӣ 1002 тонна ва тухм ба 766 миллиону 792 ҳазор донаро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2022 зиёд мебошанд.​

Дар ярмарка-фурўши  ниҳолҳои гуногун, дарахтони мевадиҳандава гулу гулбуттаҳои ороишӣ пешниҳоди сокинон гардонда шуда, як зумра намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 1, 2024 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад