ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон пурра тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маблағи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра тариқи ғайринақдӣ амалӣ шуда, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохт мешаванд.
Муовини Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъламхон Наимӣ 7 феврал дар Душанбе дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки ин тамоюл дар самти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» нақши муассир мегузорад.
Инчунин таъкид шуд, ки хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он тавассути низоми электронии TFMIS SGB. net –и хазинадории Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва бо роҳи ғайринақдӣ амалӣ гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ», ки 22 июни соли 2023 ба имзо расид, иқдоми саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, ба таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалии мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Инчунин гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва сабаби сарфаи вақту пешгирии хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






