Коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар марказҳои зеҳнии пешрафтаи ҷаҳон такмили ихтисос намуданд
ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбӣ, коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар марказҳои зеҳнии пешрафтаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз такмили ихтисос гузаштанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Маркази тадқиқоти стретегӣ Хайриддин Усмонзода ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» дар бораи чӣ гуна амалӣ гардидани такмили ихтисоси кормандони ин мақомот посух дод.
Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар кишварҳо таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандони марказро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, он боз ҳам бештар тақвият меёбад.
Таъкид гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд маркази таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар давлатҳо ҳамкории самарабахш дорад. Танҳо соли сипаригардида Марказ бо марказҳои таҳлилию зеҳнии Туркманистон, Беларус, Чин ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум имзо намуд, ки дар асоси он табодули кормандон дар назар дошта шудааст.
Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои тарғибу тавзеҳи мавқеи сиёсати давлатии мамлакат аз ҷониби коршиносон доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва ҷолиби тарафайни давлатҳо дар фаъолияти марказ муҳим арзёбӣ гардида, марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар ин муддат ҳамкориро густариш дод.
Иттилоъ дода шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази таҳлилии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Форуми Созмони ҳамкории Шанхай, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, Маркази Созмони Милали Муттаҳид доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Чин, Форуми марказҳои стретегии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






