Муассисаҳои тандурустии ноҳияи Рашт навсозию таъмир ва бо таҷҳизоти пешрафтаи соҳа муҷаҳҳаз мегарданд
РАШТ, 04.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд ва татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» имрӯзҳо дар ноҳияи Рашт корҳои сохтмон ва таъмиру таҷҳизонидани маркази ташхису табобат, бинои Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, шуъбаи таваллуд идома доранд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.
Мувофиқи ин лоиҳа, баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ ин муассисаҳо бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳаи тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот мутобиқи қоидаҳои меъморӣ гузаронида шуда, ҳоло 70%-и он ба анҷом расидааст. Бояд гуфт, ки баъди таъмиру навсозӣ ин муассисаҳо ба зиёда аз 135 ҳазор аҳолии ноҳияи Рашт ва сокинони навоҳии минтақаи Рашт хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар ноҳияи Рашт барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, 19 маркази саломатии деҳот, 49 хонаи саломатӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ фаъолият намуда, дар онҳо 131 табиб ва 452 корманди миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Инчунин диспансери байниноҳиявии бемориҳои руҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад.
Фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияи Рашт бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Дар ноҳия 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият доранд, ки дорои 366 кати бистарӣ мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад






