Нақшаҳои генералии маркази 65 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон таҳия гардидааст

Февраль 10, 2024 13:53

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон нақшаҳои генералии маркази 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ пурра омода буда, соли 2023 лоиҳаҳои муффасали банақшагирии 11 маркази  ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия гардид. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки дар айни замон таҳияи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ дар таҳрири нав, лоиҳаҳои муфассали банақшагирии марказҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Панҷакент, Варзоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сангвор, Хуросон ва Рӯшон, инчунин таҳияи лоиҳаи муффасали банақшагирии қисматҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ваҳдат, Ёвон, Исфара, Бӯстон ва шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ идома дорад.

Ба гуфтаи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода, мутобиқ ба талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ нисбат ба сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ дар 1035 иншооти сохташаванда санҷиш гузаронида шуд, ки дар натиҷа 5926 камбудӣ ошкор гардид

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати  1 январи соли 2024 дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 28 348 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар айни замон 10 071 иншоот ба истифода дода шуда, дар 7946 иншоот корҳо идома доранд ва дар 0367 иншоот корҳо то ҳол оғоз нагардидаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2024 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд