НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Фархор ба беш аз 287 миллион сомонӣ расонида шуд
КӮЛОБ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба 287 миллиону 553,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ба 110,8 фоизи нақша баробар аст. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Фархор 35 корхонаи саноатӣ: 4 корхонаи коркарди пахта, 6 коргоҳи хурди нассоҷӣ, 2 коргоҳи хурди коркарди шир, 1 коргоҳи консервабарорӣ, 1 корхонаи хурди қаннодиву истеҳсоли нон, 4 корхонаи дӯзандагӣ, 3 коргоҳи истеҳсоли блоки сементӣ, 2 фермаи мурғпарварӣ, 2 корхонаи истеҳсоли биринҷ ва орд, 2 корхонаи коркарди дару тирезаи пластикӣ, 2 корхонаи истеҳсоли хишти пухта, 1 корхонаи коркарди тунука, 1 корхонаи коркарди истеҳсоли макарон ва 3 корхонаи оби нӯшокӣ бо фарогирии 3 ҳазор ҷойи кор фаъолият менамоянд.
Дар баробари ин корхонаҳо соли 2023 дар ноҳияи Фархор 6 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд.
Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор бунёди 400 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. 41 бинову иншоот дар шаҳраки Фархор, 38 иншоот дар деҳоти Фархор, 43 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Ватан, 44 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Хуросон, 45 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Зафар, 43 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, 40 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Гулшан, 21 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Дарқад, 52 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол ва 33 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Хутан бунёд мешаванд.
Тибқи нақша соли 2023 дар ноҳияи Фархор бояд 75 иншоот ба истифода дода мешуд. Дар ин сол нақша барзиёд иҷро шуда, 83 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 110,6 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дод.
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд






