НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат 112 синфхонаи иловагӣ бо 2635 ҷойи нишаст сохта мешавад

Февраль 9, 2024 11:25

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар назди муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат 38 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуда, бинои муассисаи таълимии №103, ки аз сӯхтор зарар дида буд, пурра аз таъмир бароварда шуда, бо мизу курсӣ таъмин гардид.  Дар айни замон дар назди 17 муассисаи таълимии шаҳр сохтмони 112 синфхонаи иловагӣ бо 2635 ҷойи нишаст бо маром идома дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина ба истифода дода мешаванд. Чунин иттилоъ дод Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ.

Тазаккур дода шуд, ки ҳоло дар маҳаллаи 14 сохтмони бинои мактаб барои 1280 ҷойи нишаст барои ду баст идома дорад. Дар назар аст, ки он то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шавад.

Иброз шуд, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев бинои сеошёнаи замонавии таълимӣ бо 480 ҷойи нишаст дар як баст аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Ҳикматуллоев ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки кормандони соҳаи иҷтимоӣ  соли 2023 барои дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду талоши зиёд намуданд. Аз ҷумла, 3951 омӯзгори 153 муассисаи таълимии шаҳр 93 640 талаба, 292 нафар  омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ 3485 нафар ва 46 омӯзгору устоҳои таълимии истеҳсолии Литсейи касбии техникӣ 246 донишҷуёнро ба таълиму тарбия фаро гирифтанд.

Соли 2023 аз шумораи 3293 нафар хатмкунандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии шаҳр 1850 (56,2%) нафарашон барои супоридани имтиҳонҳо ба Маркази миллии тестӣ роҳ ёфтанд.  Аз ин шумора 1351 (73,0%) нафар донишҷӯи муассисаҳои олӣ шуданд, ки 480 нафарашон (35,5%) духтарон мебошанд.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 9, 2024 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад