НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 111,5 фоизро ташкил медиҳад

Февраль 9, 2024 16:58

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 451 миллиону  240 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба  соли 2022  46 миллиону  524 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 111,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Файзобод ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар ноҳия 3 883 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. Соли 2023  50,4 гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки аз нақша зиёд аст.  Ҳамзамон соли 2023 дар майдони 9410 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуд, ки 106,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар 3561 гектар  ғалладонагиҳо, дар 2744 гектар гандум, дар 407,7 гектар нахӯд ва лубиёгиҳо,  дар 1022,2  гектар зироати техникӣ, дар 2857,2 гектар зироати хӯроки чорво, дар 718  гектар картошка ва дар 1017,3  гектар сабзавот кишт шуд. Нисбат ба соли 2022  кишти зироат 572 гектар, аз ҷумла 147,3 гектар ғаладонагиҳо, 74,6 гектар гандум, 135 гектар сабзавот, 50,8 гектар зироати хӯроки чорво зиёд гардида, картошка 81,47 гектар кам гардидааст.

Инчунин истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гӯшт ба 3351,2 тонна, шир ба 16206,1 тонна, тухм ба 75 миллиону 588 ҳазор дона, расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2022  374,7 тонна гӯшт, 473,8 тонна шир, 4 миллиону  762,5 ҳазор дона тухм зиёд аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Кумитаи идораи замин 930 парвандаи заминсозӣ оид ба ҷудо ва вобаста намудани қитъаи замин ба сокинони ноҳия тайёр гардида, 728 нафар  истифодабарандагони замин бо шаҳодатномаи бақайдгирии замин таъмин шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Февраль 9, 2024 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст