НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод 50 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ дар ҳоли татбиқ қарор дорад

Февраль 14, 2024 13:36

ТОҶИКОБОД, 14.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар ноҳияи Тоҷикобод 103 лоиҳаи хурду калони давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 42,2 миллион сомонӣ амалӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021-2025 196 лоиҳаро ба маблағи 139 миллион сомонӣ дар бар гирифта, то охири соли 2023 70 лоиҳа ба маблағи 50,1 миллион сомонӣ ё 36,8 фоиз иҷро гардидааст. Инчунин 50 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ дар ҳоли татбиқ қарор дорад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод 3102,7 тонна зироати ғалладонагӣ, 29469 тонна картошка, 6094,6 тонна сабзавот, 5567 тонна мева, 2122,6 тонна гӯшт ва 117 тонна асал истеҳсол намуданд, ки аз он ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 21,0 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид.

Ба ифтихори ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду барқарорсозии 101 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 27 иншоот ба истифода дода шуда, сохтмон ва ҳуҷҷатгузории иншооти дигар идома дорад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2024 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид