НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 кишоварзони ноҳияи Лахш 60 ҳазор тонна картошка ба бозори дохилӣ баровардаанд

Февраль 15, 2024 19:00

ЛАХШ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ҳаҷми  умумии истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 434,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин сол кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 92 ҳазору 817 тонна картошка  истеҳсол ва 60 ҳазор тоннаи онро ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ворид намудаанд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2023 дар ноҳияи Лахш барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 26,5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ  ба анҷом расонида шуданд.   Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бунёди 124 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 35 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар  иншооти боқимонда  корҳои сохтмонӣ идома дошта, то рӯзи ин ҷашни таърихӣ ба истифода дода мешаванд.

Соли гузашта  корхонаҳои саноатии ноҳияи Лахш бо бахши хусусӣ  ба маблағи 9,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он бо нархҳои муқоисавӣ 11 фоизро ташкиш менамояд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид