НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Заминҳои кишоварзӣ тавассути 406 дастгоҳи обкашӣ ва 54 чоҳи амудӣ обёрӣ мешаванд

Февраль 1, 2024 16:54

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода, бо сабаби аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодабарандагони об сари вақт ва пурра пардохт нагардидани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ,  соли 2023 бақияи қарз дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ 28,6 млн сомонӣ ва бо назардошти қарзи солҳои пеш 187,9 млн сомониро ташкил дод. Ин ҳолат боиси зиёд гардидани қарзҳои дебиторию кредитории зерташкилоту идораҳои Агентӣ гардидааст.

Нимаи аввали имрӯз нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури хабарнигорони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба тартиб ва ҳолати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар сохторҳои Агентӣ ва сабабҳои ба талаботи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет ҷавобгӯ набудани сомонаи расмии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ савол дод. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар бахши хабарҳои сомонаи расмии Агентӣ моҳи январ ҳамагӣ ду хабар, моҳи декабри соли 2023 се хабар, моҳи ноябр ҳамагӣ як хабар дастраси истифодабарандагони интернет гардидааст. Матнҳои бештари лоиҳаҳо, барномаҳо ва стратегияҳои соҳаи обёрӣ ва мелеоратсия дар сомона ҷой дода нашудаанд.

Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба саволҳои додашуда изҳор намуд, ки «аллакай навад фоизи зерсохторҳои Агентӣ ба системаи биллингӣ — пардохти ғайринақдӣ гузаронида шудаанд. Агарчӣ дар ин самт мушкилиҳо мавҷуд ҳастанд, роҳбарияти Агентӣ кӯшиш менамояд, ки рӯзҳои наздик тамоми пардохтҳо барои истифодаи об сад фоиз ба тариқ ғайринақдӣ гузаронида шаванд».

Вобаста ба вазъи сомонаи расмӣ директори Агентӣ гуфт, ки «воқеан ҳам кор дар ин самт суст амалӣ мешавад, ҳол он ки Агентӣ фаъолияти босамар дорад, вале хабарҳо сари вақт пешниҳод намегарданд. Минбаъд ҳама хабарҳо аз фаъолияти Агентӣ сари вақт ба истифодабарандагони интернет расонида мешаванд».

Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ давоми соли 2023 ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 35,6 млн сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин ба фоидаи идораҳои шаҳру ноҳияҳо 7,1 млн сомонӣ рӯёнида шуда, маблағи боқимонда дар ҳаҷми 28,5 млн сомонӣ дар баррасии мақомот қарор дорад.

Дар ҷумҳурӣ бо истифодаи то 7,78 млн кВт/соат қувваи барқ дар як шабонарӯз қариб 406 дастгоҳи обкашӣ ва 54 чоҳи амудӣ фаъолият намуда, заминҳои кишоварзӣ бо оби обёрӣ таъмин мегарданд.

Давоми соли 2023 ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ бо истифодаи 1 млрд 359,7 млн кВт/соат қувваи барқ бо арзиши 132,8 млн сомонӣ 5 млрд 263 млн метри мукааб об бароварда шудааст. Хароҷоти хоси неруи барқ барои баровардани 1 метри мукааб об дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 0,258 кВт/соатро ташкил дод. Дар ин давра ба маблағи 35,1 млн сомонӣ ҳаққи истифодаи неруи барқ пардохт  шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2024 қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби истифодаи неруи барқ дар назди ҶСК «Барқи Тоҷик» 97,7 млн сомониро ташкил дод. Сабаби асосии пайдоиш ва болоравии қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар назди ҶСК «Барқи Тоҷик» паст будани тарифи ҳаққи хизмати обрасонӣ ва пайваста баланд гардидани тарифҳои неруи барқ мебошад.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023 тарифҳои неруи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ, чоҳҳои амудӣ ва пойгоҳҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрел то 30 сентябр 10,67 дирам ва аз 1 октябр то 31 март 30,75 дирам муқаррар шудааст.

Бо мақсади солимгардонии вазъи молиявию иқтисодии Агентӣ дар асоси Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарифи ҳаққи хизмати обрасонӣ барои 1 м3 то 5 дирам (бо назардошти ААИ) баланд бардошта шуд.

 Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2024 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 22,4 миллиард кВт-соат неруи барқ ва зиёда аз 1,3 миллион Гкал неруи гармӣ истеҳсол шудааст
Соли 2024 дар 3239 гектар корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал иҷро гардид
Соли 2024 аз Тоҷикистон ба беш аз 26 давлати хориҷӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
«Тоҷикаэронавигатсия» соли 2024 ба 71 ҳазору 459 техникаи ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон панҷ барномаи давлатӣ барои беҳтар намудани заминҳои кишоварзӣ амал менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» таҳия гардид
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Хадамоти алоқа дар доираи ин солҳо иҷрои кадом корҳоро ба нақша гирифтааст?
Дар Душанбе созишномаҳои грантӣ бо Бонки олмонии рушд ба имзо расиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба Лондон, Будапешт, Сеул, Шармулшайх ва Риёз парвозҳои ҳавоӣ амалӣ мегарданд
Маркази минтақавии Тоҷикистон сазовори мақоми Маркази минтақавӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳи Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ оғоз меёбанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад