ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои муваффақияти минбаъда дар бозиҳо то 8 миллион сомониро соҳиб мегардад
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дастовардҳои дастаи миллии Тоҷикистон дар бозиҳо барои Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа, дастгирии ҳамаҷонибаи Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи муштараки «Зарафшон» барои муваффақияти минбаъда дар бозиҳо ва ҷиҳати ҳавасманд намудани футболбозони тоҷик то 8 миллион сомонӣ ҷудо менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, саноатчиёни Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи муштараки «Зарафшон» иқдом гирифтаанд, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро барои муваффақияти минбаъда дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 бо мукофотпулӣ сарфароз гардонанд.
Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баромадан ба даври чаҳорякниҳоӣ (1/4) 2 миллион сомонӣ мегирад. Агар даста ба даври нимниҳоӣ (1/2) роҳ ёбад, корхона 3 миллион сомонӣ, ба даври ниҳоӣ (финал) барояд – 5 миллион сомонӣ ва барои соҳиб гардидан ба Ҷоми Осиё -2023 8 миллион сомонӣ ҷудо менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






