Осорхонаи шаҳри Панҷакент Озмуни «Беҳтарин осорхонаи мактабӣ»-ро баргузор менамояд

Февраль 4, 2024 16:46

ДУШАНБЕ, 04.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи «Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент дар чаҳорчӯбаи амалисозии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» Озмуни «Беҳтарин осорхонаи мактабӣ» баргузор менамояд.

Тавре дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсади асосии озмун ошкор ва дастгирии таҷрибаи беҳтарини осорхонавӣ, рушди иқтидори осорхонаҳои мактабӣ дар кори тарбиявӣ бо ҷавонон, бо фаъолияти ҳамдигар беҳтар шинос шудани осорхонаҳои мактабӣ ва пайдо намудани робита барои ҳамкории минбаъда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудани осорхонаҳои мактабӣ аз лиҳози ба намоиш гузоштани нигораҳо дар асоси нақшаи мавзуӣ-экспозитсионӣ, заминаи мусоид фароҳам овардан баҳри таъсиси осорхонаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ё ҷумҳуриявӣ мебошад.

Дар озмун тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир буда, дорои осорхонаи мактабӣ мебошанд, иштирок намуда метавонанд.

Озмун аз талаботи зерин: беҳтарин фонди осорхонаи мактаб, беҳтарин экспозитсияи осорхонаи мактаб, беҳтарин видеосайр аз осорхонаи мактаб, беҳтарин феҳристи мусаввари осорхонаи мактаб, беҳтарин маълумоти видеоӣ, фаъолияти беҳтарини осорхонавӣ, нашру намоиши мавод тариқи воситаҳои ахбори омма иборат мебошад.

Ҳохишмандон метавонанд барои иштирок дар озмун маводи заруриро ба почтаи электронии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ- osorkhona@mail.ru то 10 майи соли 2024 ирсол намоянд. Телефон барои тамос (3475) 5-30-96, +992-93-899-4747.

АКС: Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи «Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ»

Февраль 4, 2024 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид