Озмоишгоҳи махсуси Кумитаи меъморӣ ба зилзила тобовар будани биноҳои истиқоматии Душанберо санҷид

Февраль 5, 2024 14:57

ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини ба зилзила тобовар будани бинову иншоот 26 декабри соли 2023 маротибаи аввал аз ҷониби  озмоишгоҳи махсуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши мехсутуну асосҳои бинои истиқоматии баландошёна, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  гузаронида шуд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Низом Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» посух дод.

Ба гуфтаи мавсуф, дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки бинои истиқоматӣ ба лоиҳа мувофиқат менамояд. «Санҷиш нишон дод, ки мустаҳкамии бино аз меъёри муқаррарӣ то 20 фоизи дигар зиёдтар будааст, ки ин гувоҳи мустаҳкам анҷом додани корҳои бетонӣ ва устувории мехсутунҳо мебошад»,-афзуд раиси Кумита.

Таъкид гардид, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дилхоҳ бино, новобаста аз шакли моликият аз санҷиши озмоишгоҳи навтаъсиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ҳолати ошкор шудани ҳолатҳои риоя нагардидани меъёри борбардории мехсутунҳо шахсони мутасаддӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Гуфта шуд, ки тибқи фармоиши раиси Кумита, дар дилхоҳ биное, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бунёд мешавад, новобаста аз шакли моликият, вақте ки мехсутунҳо сохта мешаванд, ҳатман аз санҷиши озмоишгоҳи раёсати экспертиза гузаронида мешаванд. «Касоне, ки дар раванди сохтмони мехсутунҳо ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд, аз тарафи Хадамоти назорати сохтмон нисбат ба онҳо чораҳои маъмурӣ татбиқ мешавад», — изҳор дошт раиси Кумита.

Низом Мирзозода иттилоъ дод, ки соли 2023 бо мақсади баҳодиҳӣ ба риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда бо мақсади таъмини ба зилзила тобоварии бинову иншоот, инчунин барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи махсуси бо таҷҳизоти муосири замонавии истеҳсоли Федератсияи Русия муҷаҳҳаз таъсис дода шуд.

Баён гардид, ки агар сохтмончиён технологияи сохтмониро дуруст риоя намоянд ва корҳоро тибқи лоиҳа анҷом диҳанд, биноҳо дар мамлакат ба ҳар гуна заминларзае, ки миёна ҳисоб шудааст, тоб оварда метавонанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2024 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд