«ОЗОДӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон китоби нав ба нашр расид

Февраль 11, 2024 15:15

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии  «Дониш»-и  Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон   монографияи нави  узви  вобастаи  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмонро бо номи «Озодӣ ва истиқлоли миллӣ», ки ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида шудааст, ба нашр расонид.

Тавре ба АМИТ«Ховар» хабар дода шуд, дар монография вобаста ба  таҳқиқи  ҷанбаҳои  фалсафию  сиёсии  масъалаи озодӣ принсипҳои  демократӣ,  истиқлоли сиёсӣ ва масъалаҳое  таҳлил  шудаанд, ки  ба  моҳияти озодии инсон, инкишофи тафаккури озод ва таҳкими истиқлоли миллӣ вобастагӣ доранд. Ҳамзамон масъалаҳои назариявии истиқлол, моҳияти таърихию сиёсии озодӣ ва дастовардҳои  миллӣ дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаҳои стратегии  замони соҳибистиқлолӣ таҳлил шудаанд.

Муаллиф дар партави фикру мулоҳизаҳо оид ба истиқлоли миллӣ андешаҳояшро дар таҳкими давлатдории миллӣ баррасӣ намуда, истиқлоли сиёсиро барои миллати тоҷик ҳамчун дастоварди бузурги  аср муаррифӣ намудааст.

Монография ба доираи васеи хонандагон, сиёсатшиносон, пажуҳишгарон  ва андешамандон пешниҳод гардидааст.

АКС: Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов

Февраль 11, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд