Петр Сегрт: «Мо дар қатори ҳашт дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё қарор дорем ва ҳоло вақти мубориза бурдан аст»
ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Петр Сегрт дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ дар бораи омодагии даста ба рақобати даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ба муқобили тими миллии Урдун, ки 2 феврал баргузор мешавад, ибрози андеша намуд.
Петр Сегрт таъкид намуд, ки «мо ба бозии дарпешистода бо Урдун омодаем. Мефаҳмем, ки ҳариф дастаи хеле хуб дорад, онҳо мураббии қавӣ доранд. Бозӣ бо Урдун барои тими мо дар ин мусобиқот сеюмин финал аст. Дастаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё даъвогари ғалаба аст ва мехоҳад орзуи худ – роҳ ёфтан ба даври баъдиро идома диҳад».
Номбурда изҳор дошт, ки дар бозии 1/8-ниҳоӣ бо дастаи яккачини АМА, ки 120 дақиқа давом намуд, қувваи зиёде сарф намудем. Тамринҳои барқароршавиро анҷом додем, ба бозии дарпешистода омодагӣ мебинем ва ҳоло бо он қуввае, ки дорем, рақобат менамоем.
«Ман фишори бозигаронро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 ба дӯш гирифтам, зеро ин аввалин иштироки онҳо дар ин мусобиқа буд ва онҳо ба чунин фишор омода набуданд. Аммо ҳоло, пас аз марҳилаи гурӯҳӣ, ман наметавонам ба бозигарон фишор оварам, зеро мо дар қатори ҳашт дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё ҳастем ва ҳоло вақти мубориза бурдан мебошад», — тазаккур дод сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон.
Петр Сегрт бо ҳисси қаноатмандӣ гуфт, ки «ман бо бозингаронамон ифтихор менамоямКоллективи мо мисли як оила аст ва шодам, ки сарвари онҳо мебошам. Аммо ҳоло пас аз бозиҳои бобарор ба ман, сармураббӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Шумо бояд ба бозингарони дастаи миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намоед, зеро онҳо ситораҳои аслии ин мусобиқа мебошанд».
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






