РӮЗИ ДИЛОВАРОНИ ШУҶОИ ВАТАН. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил гардид

Февраль 22, 2024 18:46

ДУШАНБЕ, 22.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.

Дар ҳамоиш Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ва намояндагони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Меҳмонон бо растаҳои рассомии дастпарварони Мактаби санъати ба номи «Шодмон Алифов»-и шаҳри Бӯстон ва намоиши китобҳо доир ба мавзуи ватандӯстӣ шинос шуданд.

Таъкид гардид, ки дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ, бунёдкориву донишандӯзӣ ва ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ҳидоят менамоянд. Ин тасмими арзишманд давлатамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонид, ки бемуҳобо, дар ниҳоди насли ҷавон неруву тавон ва умед бахшидан ба ояндаи дурахшони мамлакатамон аз омилҳои асосӣ гардид.

Роҳбари шаҳр аз таъмини шароити арзандаи хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

Сипас, як зумра собиқадорону хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Баъдан барномаи рангини фарҳангӣ-ҳарбикунонидашуда бо фарогирии шеъру таронаҳои ватандӯстона, тараннуми сулҳу субот, оромиву амният, ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон ва Пешвои миллат манзури тамошобинон гардид.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Февраль 22, 2024 18:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад