РОҲ НАДОДАН БА ПАҲНШАВИИ МАЛАХ. Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муҳофизати зироати кишоварзӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии малах, инчунин гузаронидани чораҳои муҳофизатии зироати кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону касалиҳо дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи ситод Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаву ташкилоти зертобеи вазорат, сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва олимону мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Дар ҷаласа доир ба натиҷаи фаъолияти Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар соли 2023, фаъолияти Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 маърузаҳо шунида шуданд.
Аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ба аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ барои сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба риояи агротехникии зироат, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулот, инчунин омодагии ҳамаҷониба баҳри пешгирии саривақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах, гузаронидани чораҳои муҳофизатии зироати кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону касалиҳо маслиҳату дастурҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






