Соли 2023 Маркази миллии қонунгузорӣ 6 таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Тоҷикистонро бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ гузаронид
ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ«Ховар»/. Соли гузашта 6 таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи имплементатсияи боби 3-и Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи экспертизаи экологӣ» ва «Дар бораи иттилоот» бо қонунгузории Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Молдова, Озорбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия гузаронида шуд. Дар ин хусус 2 феврал зимни нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар нишаст иброз гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малакаи тахассусии илмии кормандон соли 2023 мутахассисони Маркази миллии қонунгузорӣ дар машварат ва чорабиниҳои омӯзишӣ, ки дар Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Латвия, Белгия ва дигар давлатҳо баргузор шуд, иштирок намуданд.
«Гузаронидани таҳқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ яке аз вазифаҳои асосии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, соли 2023 кормандони марказ 135 мақолаҳои илмию оммавӣ дар мавзуъҳои гуногун таҳия ва нашр намуданд», — гуфта шуд дар нишаст.
Ҳамчунин соли сипаришуда кормандони марказ дар 30 гурӯҳи кории байниидоравӣ ва ҷаласаҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
26 апрел даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид






