ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, чоршанбе, 59-умин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 28, 2024 08:00

28 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор гардид.

***

28 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуданд.

***

28 феврали соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни эҷодкори мамлакатро  интихоб намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи  кумитаи тадорукот баргузор шуд.

***

28 феврали соли 2020 дар Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шуд.

***

28 феврали  соли 2022  аз  барқароршавии  муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 30 сол сипарӣ гардид.

***

28 феврали соли 2023 дар Душанбе доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд.

 28 ФЕВРАЛ:

Дар Ҳиндустон- рӯзи илм

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Акбар Ҷӯраев- соли 1936-ходими давлатӣ, Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон

***

Ҳалима Эркаева-  соли 1948- раққоса, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон

Февраль 28, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш