ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АЗ ВАРАҶА ОЗОД. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 2023 ин Сертификатро ба масъулини соҳа супорид

Февраль 14, 2024 12:01

ДУШАНБЕ, 14.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар мамлакат 136 230 кг маҳсулоти хӯрокаи пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта аз муомилот боздошта шуда, тибқи муқаррароти муайянгардида нобуд карда шуданд. Ин тадбир дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидаи мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 амалӣ гардид. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 12 феврали соли 2024 доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти мазкур ҳамчунин гуфта шуд, ки яке аз дастовардҳои назарраси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амнияти санитариву эпидемиологӣ дар соли сипаришуда ин бо Сертификати «Давлати аз бемории вараҷа озод» сазовор дониста шудани Тоҷикистон аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 19 майи соли 2023 дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ сертификати мазкур аз ҷониби директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доктор Тедрос Адханом Гебрейесус ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супорида шуд.

29 марти соли 2023 Созмони мазкур иттилоъ дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 42 давлате ворид гардид, ки бар зидди бемории вараҷа пирӯз шудааст. Дар Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб ҳодисаҳои маҳаллии бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.

Хотиррасон мешавем, ки дар робита ба гузаронидани сертификатсияи Тоҷикистон ҳамчун «Давлати аз вараҷа озод» аз 17 то 26 октябри соли 2022 Миссияи Бюрои минтақавии Аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон омад.

Моҳи октябри соли 2022 ҳайати Комиссияи байналмилалӣ бо фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ва инчунин марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Дарвоз, Ш. Шоҳин, Ваҳдат ва Восеъ аз наздик шинос шуд. Ҳайат бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ шинос шуда, ба фаъолияти онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вараҷа давоми 10 соли охир баҳо гузошт.

Тазаккур бояд дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии бемории вараҷа якчанд нақша ва барномаи соҳавӣ татбиқ намудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: «АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2024 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
Дар даври ноҳиявии озмуни «Хушдомани беҳтарин» Давлатбӣ Каримова сазовори ҷойи аввал гардид
Дар Вазорати адлия хизматрасонии электронии тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ бо QR-рамз ба роҳ монда шуд
ҶИНОЯТКОРИИ ҶАВОНОН. Таъсири бозиҳои компютерӣ ва мушкилоти пешгирии иҷтимоӣ
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бемории санги гурда дар фасли зимистон авҷ мегирад
Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
Дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои Суғд корҳои тарғиботӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд
Кумаки молиявии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба модари Қобилҷон Алиев