120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад

Март 24, 2024 12:02

ДУШАНБЕ, 24.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 120 гектар заминҳои канори деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Бо ин мақсад дар пойгоҳи насосии  Дупула  таҷҳизоти замонавии  обкашӣ насб шуда, ҳоло хобонидани қубурҳо то ин мавзеъ идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки  заминҳои ин мавзеъ дар километри 37-уми канали Марғедар ҷойгир буда, солҳои охир аз норасоии  об амалан аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Ҳоло  ин заминҳо шудгор шуда, боғу токзори нав бунёд мегарданд.

Бо таъмини оби полезӣ ва  бунёди боғу токзори нав  инҷо  садҳо нафар сокинони деҳа шуғл пайдо менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишт  ва ба ин васила афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки дар мадди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Март 24, 2024 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид