Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати маводи нашъаовар Зафар Самад дар чорабинии канории Ҷумҳурии Қазоқистон зери унвони «Имкониятҳои Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар муқовимат ба таҳдидҳои муосири паҳншавии маводи нашъаовари синтетикӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони мақомоти ваколатдори давлатҳои иштирокчии Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ, давлатҳои нозир, Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, инчунин дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Ба иштирокчиён рӯнамо оид ба фаъолияти Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Алмато таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун мақоми байнидавлатию минтақавӣ оид ба мусоидат дар ташкил ва ҳамоҳангсозии амалиёти байналмилалӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар фаъолият дорад, пешниҳод карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ роҳбарони як қатор ҳайатҳо фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, мубодилаи афкор анҷом доданд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовар








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






