Ба занони собиқадору хизматнишондодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа тақдим шуд

Март 7, 2024 16:36

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи Рӯзи Модар дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба занони собиқадору хизматнишондодаи ноҳия туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе тақдим гардид. Дар ҳамоиши идона намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Иброз гардид, ки имрӯзҳо занон-модарони тоҷик дар ҳама соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ дар радифи мардон фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ҷомеа  саҳми намоён  мегузоранд. Сарвари давлат ҳамеша зимни суханрониҳояшон ёдовар мешаванд, ки нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Собиқадори ноҳияи Шоҳмансур шоир Меҳриниссо Бобобекова баён дошт, ки  ин таваҷҷуҳи омиронаву ҷавонмардона барои онҳое аст, ки хизмат намудаанд. «Албатта, хизмати ҳар инсон барои худаш хеле кучак аст, аммо вақте ки он аз ҷониби инсонҳои бузург қадрдонӣ  мешавад, гумон мекунам, ки шахс масъулияти бештареро бар дӯшаш эҳсос менамояд ва мехоҳад, ки ҳар нафаси боқимондаи умрашро сарфи масъулият, ободкории ин Ватан ва арҷгузорӣ ба хоки ин меҳани муқаддас намояд. Ҳамзамон сарафроз аз он гардад, ки меҳнаташ қадр карда мешавад».

Ба гуфтаи шоири ширинкаломи тоҷик, ин сабақе аст барои ҷавонон, яъне ҳар кас, ки софдилонаву аз рӯйи инсофу виҷдон ба Ватан хизмат намудааст, қадрдонӣ мешавад.  «Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста ба кору масъулияти зиёдашон ҳаргиз собиқадоронро фаромӯш намекунанд. Ин ҳама қадрдонӣ барои мо як ҷаҳон маънӣ мебахшад ва то метавонем кӯшиш менамоем, ки баҳри рушду нумуи ин меҳан саҳми бориз гузорем», — афзуд мавсуф.


Занон ва модароне, ки дар рушду нумуи давлати азизамон саҳм гузошта ва то ҳол мегузоранд, аз номи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба андозаи 3000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон дар идома намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аёдати собиқадорон Зебо Аминзода, Зулфия Атоӣ ва Саъбагул Қурбонова рафта, аз номи Пешвои миллат  ва Раиси шаҳри Душанбе онҳоро бо Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо туҳфаи пулӣ супориданд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зебо Аминзода аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлат изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки меҳру муҳаббат ва арҷгузорӣ ба Модар буд, ки мақому манзалати Зан-Модар бо кӯшишу заҳматҳои Сарвари давлат дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонию дастгирӣ ёфт. «Аз ин гуна қадрдонӣ сарам ба осмон расид. Дуогӯи он ҳастам, ки Пешвои миллати мо доим муваффақ бошанд, сиёсати давлати мо пешрафта ва мамлакати мо доимо осуда ва чун фасли баҳори нозанин сарсабзу гулпӯш бошад»,-баён дошт Зебо Аминзода.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 7, 2024 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст