Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шаҳомати хосса таҷлил гардид

Март 21, 2024 08:44

ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ дар маҷлисгоҳи академия дар мавзуи «Таърих ва фалсафаи Наврӯз» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «Наврӯз ба унвони мардумитарин ва қадимтарин ҷашн давоми солҳо шаҳомати таърихии моро таъмин намуда, барои шинохт ва салобати миллии мо бисёр пояи устувор гузошт».

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар сарзамини  биҳиштосои мо таҷлил мегардад, васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад».

Дар конференсия олимон дар мавзуъҳои «Ҷойгоҳи Наврӯз дар «Шоҳнома»- и Абулқосим Фирдавсӣ, «Наврӯз дар устураи офариниш» таҳлилҳояшонро пешкаши ҳозирин намуданд.

Ҳамзамон дар арафаи ин ҷашни миллӣ як зумра олимону кормандони академия бо ифтихорнома ва дигар мукофот қадрдонӣ гардиданд.

Сипас аҳли Раёсати Академияи миллии илмҳо хони наврӯзии оростанамудаи тамоми ниҳодҳои академияро тамошо намуданд.

Дар барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо сурудҳои рангинашон хотири иштирокдоронро шод гардониданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 21, 2024 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд