Дар Душанбе раванди татбиқи Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ баррасӣ гардид

Март 15, 2024 10:32

ДУШАНБЕ, 15.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030: Баррасии раванди татбиқ ва нақшаҳои минбаъда» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он механизмҳои ҷалби васеи доираҳои илмӣ ба раванди татбиқи ин барнома мавриди муҳокима шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки «Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023 қабул гардида, имрӯз мавриди амал қарор дорад.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш -ин баррасии ҷараёни амалишавӣ ва муайян намудани механизми мониторинг ва арзёбии барнома бо ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла шарикони рушд дар раванди татбиқи он мебошад.

Зимни ҳамоиш  инчунин механизмҳои ҷалби васеи доираҳои илмӣ ба раванди татбиқи барнома, аз ҷумла омода намудани маводи таҳлилӣ оид ба афзалияти стратегии барнома, таҳияи пешниҳоду тавсияҳо барои такмил додани механизми баррасии ҷараёни иҷро бо назардошти афзалияти стратегӣ, инчунин вазифаҳои алоҳидаи ҳамаи дигар барномаҳои соҳавие, ки дар бахши кишоварзии мамлакат амалӣ мешаванд, баррасӣ шуданд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2024 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид