Дар Хоруғ озмуни «Расми беҳтарин дар мавзуи бехатарӣ аз сӯхтор» баргузор гардид
ХОРУҒ, 03.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни шаҳрии «Расми беҳтарин дар мавзуи бехатарӣ аз сӯхтор» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 70 довталаб иштирок намуд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Сардори қисми мустақили 16-уми Хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Хоруғ Саидюсуф Перуззода зимни шарҳу тавзеҳи мақсаду шартҳои ин озмун бори дигар ба довталабон хотиррасон намуд, ки ҳадафи асосии озмун пешгирию бартараф намудани оқибатҳои сӯхтор ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор мебошад. Озмун бо мақсади муайян намудани дониш, истеъдод ва малакаву маҳорати кӯдакону наврасон доир ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор доир шуд. Хурсандиовар аст, ки сол аз сол довталабони ин озмун дар муассисаҳои таълимии шаҳр бештар мегарданд. Агар дар соли аввал дар озмун ҳамагӣ аз 10 то 20 нафар иштирок менамуд, имрӯз теъдодашон то 70 нафар расидааст.
Аксарияти расмҳои кӯдакон аз ҷиҳати мазмуну моҳият ба талабот ҷавобгӯ буданд ва рассомони наврас ҳам онҳоро бо забони бурро ва бо шавқу завқ шарҳ доданд. Аз ҳама муҳим, аксарияташон дар бораи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор маълумоти кофӣ доштанд ва бо истифода аз ин маълумот тахайюлоташонро рӯи қоғаз оварда, моҳияти онро ба таври комил тавзеҳ доданд.
Саидюсуф Перуззода гуфт, ки дар баробари доштани дониши назариявӣ хонандагон дар ин озмун бо расмҳои кашидаашон собит сохтанд, ки онҳо дар амал низ метавонанд қабл аз омадани оташнишонон ба ҳамсолонашон кумак расонанд. Баъзе аз довталабон ба озмун ихтирооташонро пешниҳод намуданд. Ин наврасон, ки чандин бор бо бинои шуъбаи Хадамоти оташнишонии вилоят шинос шудаанд, аз фаъолияти оташнишонон огоҳ мебошанд ва аз ин рӯ назар ба ҳамсолони дигари худ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро дар тасовир ва ихтирооташон возеҳтар инъикос кардаанд.
Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуда, барои бештар ҳавасманд намудани онҳо ба корҳои минбаъдаи эҷодӣ бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонданд. Ғолибони озмуни шаҳрӣ акнун лаёқату маҳораташонро дар озмуни вилоятӣ нишон медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






