Дар Кумитаи телевизион ва радио ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи расму оинҳои хосса таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 28.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи телевизион ва радио.
Дар ҳамоиши наврӯзӣ роҳбарияти кумита, масъулон, доираи васеи кормандони шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва дигар зерсохтор иштирок намуданд.
Роҳбарияти кумита бо хони наврӯзӣ, ҳафтшину ҳафтсин, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гулдӯзӣ, маҳсулоти нонию қаннодӣ ва дигар дастовардҳо шинос шуда, ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфт.
Иброз гардид, ки имрӯзҳо тантанаҳои ҷашни Наврӯзи бостон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса идома дошта, сокинони сарбаланди диёри азизамон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ойини милливу мардумӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ соли нави аҷдодиамон — Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.
Таъкид шуд, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ниёгони мо ҳанӯз аз замонҳои бисёр қадим рӯзи аввали солшумории шамсиро рӯзи нахустини баҳор, бедоршавии табиат, оғози киштукор ва такмилу танзими олам медонистанд.
Дар ҳамоиши наврӯзӣ ба кормандони кумита ва зерсохторҳои он, ки фаъолияти намунавию самарабахш нишон додаанд, нишони «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон», «Ифтихорнома», «Сипоснома»-и Кумитаи телевизион ва радио, «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар мукофот тақдим гардид.
АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






