Дар Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзии «AgroWorld Uzbekistan 2024» 15 ширкат ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз Тоҷикистон иштирок намуданд

Март 18, 2024 14:34

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар пойтахти Узбекистон-шаҳри Тошканд Намоишгоҳи 19-уми байналмилалии кишоварзӣ – «AgroWorld Uzbekistan 2024» баргузор гардид, ки дар он 15 ширкати кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати мамлакат хабар доданд.

Дар намоишгоҳ намояндагон  аз 21 давлати ҷаҳон иштирок намуд.

Беш аз 15 ширкати кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз вилояти Суғд- ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Витаминҳои Тоҷикистон», «Кишоварз», «Обрасон», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Деҳқон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  хоҷагиҳои деҳқонии «Халифа», «Баракат» ва дигарон барои омӯхтани таҷриба, воридоти техника ва техонологияи кишоварзӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзии AgroWorld Uzbekistan 2024 Тоҷикистонро муаррифӣ  намуданд.

Дар ҷараёни намоишгоҳ конфронси байналмилалии соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид, ки он намояндагони ширкатҳои бонуфузи ин соҳа, мутахассисон ва коршиносони байналмилалиро дар як барномаи тиҷоратӣ муттаҳид намуд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2024 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид