Дар нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон 245 намуди ҳайвонот ва 304 намуди наботот ворид мешаванд
ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон 245 намуди ҳайвонот ва 304 намуди наботот ворид мешаванд. Ҷунин гуфта шуд дар ҷаласаи корӣ, ки дар он таҳияи нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаи корӣ бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он олимону мутахассисон ва таҳиягарони Китоби сурхи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода ва ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов доир ба моҳият ва мақсаду вазифаҳои Китоби сурх ва зарурати он дар ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодиру камёфти набототу ҳайвонот сухан гуфтанд.
Дар ҷаласа роҳбарони гурӯҳҳои корӣ доир ба намудҳои нави ҳайвоноту набототе, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид мешаванд ва намудҳои аз китоб хориҷ кардашуда маъруза намуданд.
Гуфта шуд, ки дар нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон 245 намуди ҳайвонот ва 304 намуди наботот ворид мешаванд.
Тибқи талаботи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ва Низомномаи Китоби сурх дар ҳар 10 сол бояд Китоби сурх тибқи талабот ва дараҷабандии IUCN аз нав таҷдид ва чоп гардад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






