Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои дар амал татбиқ намудани қарори раиси вилоят «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят баҳри дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025» озмун эълон менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Озмун мутобиқ ба қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Раиси вилояти Суғд оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025 гузаронида мешавад.
Грантҳои Раиси вилоят ба сокинони вилояти Суғд-занҳои ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкориву ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумию дастӣ мусоидат менамояд, ба андозаи зерин: 15 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ; 15 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ; 30 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо мешавад.
Занони ҳунарманд ва эҷодкор метавонанд маълумоти иловагиро оид ба талаботи пешниҳод намудани лоиҳа аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастрас намоянд.
Лоиҳаҳое, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯ нестанд, баррасӣ ва баргардонида намешаванд.
Муҳлати пешниҳоди лоиҳа аз 1 апрел то 31 майи соли 2024 муқаррар шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҷудо гардида, ҳар грант ба андозаи 25 000 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 18 феврали соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» ба тасвиб расид.
Мутобиқи ин қарор, давоми солҳои 2024 – 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода мешавад:
– дар соли 2024 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ;
– дар соли 2025 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ;
– дар соли 2026 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






