Дар Суғд бо роҳбари намояндагии Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон мулоқот доир шуд

Март 14, 2024 09:14

ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии​ Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон Оливер Норманд мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Зимни мулоқот Раиси вилоят иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон​ дар вилояти Суғд тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуда, дар ин раванд саҳми шарикони рушд дар ҳалли масъалаҳои мавҷудаи ҷомеа муҳим мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, татбиқи лоиҳаҳои​ Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дошта, бо амалишавии пурраи лоиҳаҳо дастрасӣ ба оби нӯшокиву полезӣ дар минтақаҳо боз ҳам беҳтар мегардад.​

Дар гузашта низ бо дастгирии ин ташкилот дар ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ, Ашт ва шаҳри Исфара якчанд лоиҳаҳо амалӣ шуда, вазъи дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар бархе​ деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои гуфташуда беҳтар гардид.​

Оливер Норманд бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкорӣ таъкид намуд, ки тасмим гирифтаанд дар оянда низ чунин лоиҳаҳоро татбиқ намоянд.​

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ташкилот метавонад​ дар баланд бардоштани сифати оби ошомиданӣ, ки бештари сокинони деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят аз обҳои зеризаминӣ (чоҳҳои амудӣ) истифода мебаранд,​ саҳм гузорад.

​Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 14, 2024 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад