Дар Суғд мусобиқаи пойга ва бузкашӣ баргузор шуд

Март 28, 2024 13:27

ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ипподроми Ҷамъияти саҳомии кушодаи  ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи пойга ва бузкашӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти  матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Қабл аз оғози мусобиқаи пойга ва бузкашӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари Федератсияи миллии човандозон ва пойгаҳи аспдавонӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштирокчиён ва тамоми сокинони вилоятро бо иди байналмилалии Наврӯз табрик намуданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, афзун намудани сафи дӯстдорони табиат ва рушди соҳаи асппарварӣ ҳамасола бозиҳои миллии пойга ва бузкашӣ ташкил мешаванд.

Баҳри рушди минбаъдаи соҳаи чорвопарварӣ, аз ҷумла  асппарварӣ барномаҳои дахлдор қабул гардида, ҳамасола афзун намудани саршумори аспҳои зотӣ амалӣ мегардад.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 март дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 9262 сар асп парвариш мешавад, ки аз он 2041 сар ба бахши кишоварзӣ ва 7221 сар ба бахши хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Вобаста ба хушзот намудани саршумори мавҷуда ва афзун намудани аспҳои зотӣ аз тарафи мутахассисон тадбирҳои муайян амалӣ мешаванд.

Дар вилоят мактаби варзиши аспии чавгон ва аспбозӣ бо 15 варзишгар ва 25 сар аспи зотӣ фаъолият доранд.

Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят ассотсиатсияҳои асппарварӣ ташкил гардида, дӯстдорони табиат аспҳои зотии тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекиникиро парвариш намуда, баробари мусобиқаҳои вилоятӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштироки фаъолона доранд.

Мусобиқаи пойга ва бузкашӣ ҳамчун суннатҳои деринаи наврӯзӣ ба густариш ёфтани варзиш дар байни мардум, хосса ҷавонон мусоидат намуда, аз ҷониби дигар ба боз ҳам қавитар намудани муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо равона гардидаанд.

Дар мусобиқаи пойга ва бузкашӣ човандозону паҳлавонон маҳорат нишон дода, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 28, 2024 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Майдони Истиқлоли пойтахт тантанаи идона доир карда мешавад
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе рамзи баҳору Наврӯз — табақи суманак гузошта шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ баргузор гардид
Корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинону меҳмонони Душанбе муждаи баҳор меорад
То таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз шаҳри Норак гулзор мегардад
ГУЛИ СИЯҲГӮШИ ҚОШГАРДОН. Дар Тоҷикистон мавсими гулгардонӣ фаро расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат менамоянд?
Моҳи март бахшида ба Ҷашни байналмилалалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир мегарданд
Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» баргузор мешавад
Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба Иди Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» 19 март баргузор мешавад
Дар шаҳри Лондон ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ оғоз намуданд