Доир ба натиҷаҳои маҷмуии таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ оғоз шуд

Март 19, 2024 10:58

ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмии «Натиҷаҳои маҷмуии таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Тоҷикистон» оғоз ёфт, ки се рӯз идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, конференсия бо ташаббуси муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Русия, Донишгоҳи давлатии Олтой баргузор шуда, дар он олимону мутахассисони ватанӣ ва аз хориҷи мамлакат- Русия, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Эрон, Олмон, Чин, Исроил, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тариқи ҳузурӣ ва онлайн иштирок доранд.

Дар конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода доир ба таваҷҷуҳи зиёди марказҳои бостоншиносӣ ба осори аҳди бостони Тоҷикистон ёдовар шуд.

Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ Насрулло Убайдулло доир ба мақсад ва ҳадафҳои асосии конференсия таъкид намуд, ки ҳамасола бостоншиносони институт бо шарикони хориҷиашон аз 10 то 15 экспедитсияи муштарак мегузаронанд ва ҳамасола натиҷаҳои пешакии ин ҳафриёт дар солномаи «Корҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон» нашр мегарданд.

Ташаббускорони конференсия доир ба аҳамият ва зарурати ба гардиши илмӣ ворид намудани натиҷаҳои корҳои бостоншиносӣ, арзишмандии ҳамкории бостоншиносони ҷаҳон ва мутахассисони самтҳои гуногун, истифодаи имконоти васеи озмоишгоҳҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафтаи сатҳи ҷаҳонӣ сухан намуданд.

Конференсияи байналмилалии илмии «Натиҷаҳои маҷмуии таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Тоҷикистон» то 20 март идома ёфта, тибқи барномаи конференсия дар бахшҳои «Натиҷаҳои таҳқиқоти нав дар Тоҷикистон», «Натиҷаҳои таҳқиқоти археологӣ дар ҳудудҳои ҳамҷавори Тоҷикистон» ва «Истифодаи методҳои нав дар таҳқиқоти бостоншиносӣ» баргузор мегардад.

Баробари иштирок дар конференсия меҳмонони хориҷӣ дар тантанаҳои наврӯзии мамлакат, хусусан шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 19, 2024 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд