Гела Шекиладзе: «Моро бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии душвор интизор аст»
ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 март бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дар остонаи бозӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки сармураббиён ва бозигарони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Гела Шекиладзе интизорияшро аз бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ба муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ чунин баён намуд:
«Рақобат бо тими миллии Арабистони Саудӣ аввалин бозии ман ба ҳайси сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон аст. Мехоҳам ба Петр Сегрт, ки ду соли охир дар тими миллии Тоҷикистон кори бузурге анҷом дод ва мо якҷоя дар Ҷоми Осиё-2023 ба натиҷаи таърихӣ ноил гардидем, ташаккур гӯям. Аммо Ҷоми Осиё аллакай пушти сар шуд, акнун мо бояд диққатамонро ба бозиҳои боқимондаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 равона намоем. Пеш аз вохӯрӣ бо Арабистони Саудӣ даҳ рӯз омодагӣ дидем. Дар Қатар ҷамъомади таълимии пурсамар доштем. Ҳама бачаҳо аллакай ба даста пайвастанд. Арабистони Саудӣ тими пурқувват аст. Мо бозиҳои рақибро ҳам дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ва ҳам дар Ҷоми Осиё-2023 тамошо кардем. Тими миллии Арабистони Саудӣ бозигарони ҳирфаии зиёд дорад ва моро бозии душвор интизор аст. Мо омодаем. Умедворем, ки дар ин бозӣ ба натиҷаи хуб ноил мегардем».
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






