«ХОНУМИ ЯДРОӢ». Нақши занони мутахассис дар соҳаҳои илмӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҳаёти мадании Тоҷикистон назаррас аст

Март 7, 2024 09:37

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Бо шукронаи сулҳу субот, оромиву осудагӣ ва созандагиву ободкории Ватан дар ин айёми шукуфтанҳою рустанҳо, ки дар арафаи Рӯзи Модар қарор дорем, бояд саҳми занонро дар тамоми соҳаҳои  иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва хусусан дар рушди илм инъикос намоем.

Яке аз чунин занон дар соҳаи илм директори Маркази минтақавии таълимӣ ва омӯзишӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва муқовимат бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли оми Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, президенти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) Зарина Сайфиева мебошад, ки дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва рушди илм саҳми назаррас дорад.  

 Зарина Сайфиева мегӯяд, ки занону духтарон имрӯз дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳо софдилонаю содиқона заҳмат мекашанд.  Маҳз ба ҳамин хотир баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бояд гуфт, ки аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қонун ва стратегияҳоеро қабул ва татбиқ намуданд, ки ба тақвияти фаъолияти занону духтарон мусоидат намуданд. Аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ба рушди сармояи инсонӣ аҳамияти бағоят бузург дода шуда, таваҷҷуҳ ба неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ, таъсири амиқ расонидани он ба нишонаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат махсус таъкид шудааст.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир зарурат пайдо шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 70 санади муҳими давлатӣ доир ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи илму техника ва тарбияи кадрҳои техникӣ қабул намуда, дар ин самт бо 30 давлати дунё ҳамкории инноватсионӣ намояд. Инчунин олимони ихтироъкори мамлакат дар озмунҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои илмиашон дар қатори беҳтаринҳо қарор гирифтаанд.

Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, имрӯз дар мамлакат 140 нафар занони тоҷик барои ихтирооти нодирашон соҳиби патент гардидаанд. Инчунин мояи ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки давоми солҳои 2012-2022 27 зани ихтироъкори тоҷик бо пешниҳоди 42 ихтироот дар Намоишгоҳи байналмилалии «Занони ихтироъкори ҷаҳон» дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ба гирифтани 40 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ сазовор гардиданд.

Зарина Сайфиева ҳамзамон иброз намуд, ки маҳз ҳамин пешравию  комёбиҳои занони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буд, ки Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) аз моҳи феврали соли 2021 ҷузъи WiN Global гардид. Ин бахш дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Ин бахш ташкилоти ҷамъиятӣ буда, занони мутахассисеро, ки  дар соҳаи бо мақсадҳои осоишта истифода бурдани энергияи атом, дар соҳаи бехатарии химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин дар соҳаҳои маданию иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият мебаранд, муттаҳид менамояд.

Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» 8 марти соли 2020 бо ташаббуси директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода бо мақсади баланд бардоштани нақши занони мутахассис дар соҳаҳои илмӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти маданӣ таъсис дода шуд.

Кор дар ин бахш аслан бо се забон —  тоҷикӣ,  русӣ ва англисӣ пеш меравад.

Бояд гуфт, ки президенти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» Зарина Сайфиева соли 2001 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси забон ва адабиёти рус ва соли 2013 факултаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро бо ихтисоси менеҷменти созмон  хатм намудааст. Аз соли 2004 дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад.  Соли 2018 дар шаҳри  Мински Беларус даврҳои такмили ихтисосро дар соҳаи ҳифзи радиатсионӣ ва бехатарии манбаъҳои иондоркунандаи шуоъ (IRS) гузаштааст. Соли 2022 дар соҳаи радиоэкология дараҷаи магистрро гирифтааст.

Тавре дар урфият мегӯянд:

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро Модаре ҳаст.

Албатта, дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ, ки марҳилаи гузариш маънидод мешавад, барои муайян намудани мавқеъ, манфиат ва сиёсати дурусти идоракунӣ истифодаи тамоми неруҳои фаъоли ҷомеа, бахусус занон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти хеле васеъ фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи созандаашро баҳри ободию пешрафти Ватан сарф карда, дар ҳама ҷабҳаҳо дар баробари мардон содиқона меҳнат намояд.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan)

Март 7, 2024 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад