ХУРОФОТПАРАСТӢ-САРЧАШМАИ ҶАҲОЛАТУ ТОРИКӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуданд

Март 18, 2024 16:33

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён оид ба натиҷаҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин, ки 9 март дар «Кохи Ваҳдат» доир гардид, ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Консерватория хабар медиҳад.

Ректори Консерватория Миралӣ Достизода иброз намуд, ки ҳар фарди ҷомеа имрӯз бояд аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат истифода бурда, барои пешгирии бегонапарастию хурофотпарастӣ кӯшиш намояд ва дар роҳи расидани ҷомеа ба давлати замонавии рушднамудаи дунявӣ ҳисса гузорад.

«Хурофот хатаре аст, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад. Хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад»,-иқтибос овард суханони Пешвои миллатро ректори Консерватория.

Инчунин иброз гардид, ки мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон хурофотпарастӣ ба ҳадде расидааст, ки пеши роҳи онро бояд гирифт. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд ба омӯхтани илму дониш рӯ оранд ва ниҳоят ҳушёру зирак бошанд, то ба доми чунин ашхоси хурофотпараст наафтанд.

Зулфиқор Гулаҳмадзода оид ба вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои номатлуб ба зеҳни ҷавонон, ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди давлат ва нигоҳдории амнияти мамлакат, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбат намуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ҳозирин андешаҳояшонро баён намуданд.

АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Март 18, 2024 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!

Маводҳои таҳлилӣ