Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз хатари фаромадани тарма то 27 март ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, 21-22 март дар натиҷаи бориши пешбинишуда хавфи баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу (Ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дар назар аст. Инчунин аз 21 то 27 март дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Чанок ва манотиқи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари баланди фаромадани тарма боқӣ мемонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Ҳамзамон Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷом додани корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, ҷамъоварии гиёҳ ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намоянд.
Барои таъмини амнияти ронандагон дар шоҳроҳи зимистона ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Кумита дидбонгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд.
Илова бар ин дар дигар роҳҳои кӯҳии мамлакат кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ навбатдорӣ менамоянд. Ин тадбирҳо дар давраи хатари ҳодисаҳои фавқулода дар роҳҳо, ки дар натиҷаи сардии ҳаво ва бориши барф ба вуҷуд меоянд, зарур мебошанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






